Эй ғофил аз фароғати болои бӯрё,
Эй ғофил аз фароғати болои бӯрё,
Махмал фурӯшу гир зи дебои бӯрё.
Пастӣ гузин, ки риштаи гарданкашӣ кашид
Болои най ба домани саҳрои бӯрё.
Хоҳӣ, ки файзи машраби афтодагон кунӣ,
Чанде нишин ба гӯшаи танҳои бӯрё.
Панде шунав, ки лаззати дунё шикастан аст
Бе кому лаб зи тӯтии гӯёи бӯрё.
Андар камини бекасӣ файзи саодат аст,
Кун имтиҳон ба саҷдае дар пои бӯрё.
Бе нола хуфтаем ба олами чархи кин,
Овози най куҷост ба маъвои бӯрё.
Хуш вақти он ки паҳлуи хобаш гирифтааст
Чун фарши хок сурати зебои бӯрё.
Эй беадаб, ба гӯшаи афтодагон марав,
Ханҷар гирифтааст ҳама ҷои бӯрё.
Ҳоҷӣ, касе ҷавоҳири фазлат намехарад,
Ҳамчун сафолу пораи каҳнои бӯрё.