Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Зи дасти норасо ҳаргиз насудам домани матлаб,

Зи дасти норасо ҳаргиз насудам домани матлаб, Магар аз ноумедӣ баҳла дорад панҷаам, ё Раб. Надорад сурфае ғайр аз тапидан мурғи оромам, Чу бисмил набзи бетобист ҳар мӯ андар ин қолаб. Зи гармиҳои ҳусни беҳиҷоби моҳтоби ман Дар оғӯши Масеҳо офтоб аз тоб дорад таб. Кӣ дорад майли ин кошона, гар завқи тамошояш Мунаввар чун гули шамъ аст зулмат з-устухони шаб. Ба савдое бурун аз олами суду зиён рафтам, Ки сад Маҷнун набошад ҳамчу ман девонаи машраб. Ҳаё гар дарси омини адабкешӣ наёмӯзад, Ба ғайр аз ҳарфи бешармӣ нахонад тифли ин мактаб. Ба узлат ҳам зи бими душманон эман нашояд хуфт, Зи ваҳми саг нахобад дидаро дар вақти хоб арнаб. Насиҳат, Ҳоҷӣ, бар абнои даврон бодпаймоист, Чу захм аз сӯзиши дил мекушоям ногаҳоне лаб.