Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Маҳо, ба хирмани ҳусни ту хӯшачин маҳтоб,

Маҳо, ба хирмани ҳусни ту хӯшачин маҳтоб, Ки нур медамад аз чарх то замин маҳтоб. Ба даври ҳусни ту хубон тавон ки лоф зананд, Чу шуд зи софии рӯйи ту шармгин маҳтоб. Агар ба шаб бадар оӣ, зи тоби меҳри рухат Чу офтоб шавад қурси оташин маҳтоб. Надода ёд замону надида чашми замин Маҳе ба рӯйи чунин беҳ аз ин маҳтоб. Ба сад забон ба ту Ноҳид мекунад таҳсин, Ҳазор бор ба рӯйи ту офарин, маҳтоб. Кунад зи ҳусни ту дарюза дар сари ҳар маҳ Ҳилол карда чу качкули соилин маҳтоб. Зи худ чи дида накӯ офтоб, ки ӯ Ба тоб меравад аз шарми инчунин маҳтоб. Кӣ мерасад зи фалак то замин бияндозад, Ба зери по-ш раҳандози заъфарин маҳтоб. Умеди суҳбати ту бас чигун хаёл кунам, Ки кас надида ба кас ёри ҳамнишин маҳтоб. Ҳамеша солим аз офоти костан мебуд Даме ба меҳри ту мерафт дар камин маҳтоб. Гумон мабар ки абас, Ҳоҷӣ, чун асир шудаӣ, Ба пеш ойина гиру дар ӯ бубин маҳтоб.