Чи мушкил аст дар ин арса ғайр аз ин матлаб,
Чи мушкил аст дар ин арса ғайр аз ин матлаб,
Ки обрӯ наравад аз касе ба тарки адаб.
Замона чунки ба найрангу ҳила обод аст,
Куҷо ки хаз накунад пешкории саълаб.
Зи бахти мо чи қадр толеи накӯ дур аст,
Ҳилоли ид бубинам ҳамеша дар ақраб.
Ба ҷилва о, санамо, то, бувад, сафо гирад
Зи акси чеҳраи моҳат саводи шаҳри Ҳалаб.
Мудом бода бихӯр, чеҳра арғувонӣ кун,
Ғанимат аст аз ду рӯзе баҳори айшу тараб.
Бадӣ ба ҷомаи сабзи накӯ накӯ нашавад,
Узубате надиҳад оби талхро туҳлаб.
Хамӯш мондани аҳли хирад раво набувад,
Ки мағзи писта аён мекунад кушодани лаб.
Хуш он гадо зи қаноат бимурду сар накашид
Ба пеши боби каримону соҳиби мансаб.
Зи хок зоҳиди даврон чаро бипарҳезад,
Ки карда маъбади худро сағонае зи хашаб.
Чу ашки машраби мо, Ҳоҷӣ, рафтан аст аз худ,
Барои хокнишинон нахуст ин машраб.