Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Мерасад он ҷангҷӯ пойи ситам дар рикеб,

Мерасад он ҷангҷӯ пойи ситам дар рикеб, Ҷавру ҷафо пешрав, зулму ғазаб аз ақиб. Найзаи мижгон нигаҳ баста чу теғи сипаҳ, Нуқтаи холи сияҳ донаи доми фиреб. Моҳ зи рӯяш хиҷил, Зуҳра яке мунфаил, З-ӯ шуда турки Чигил бе хираду бе шикеб. Турки сияҳмасти кин хиргаҳи абрӯнишин, Аз пайи тороҷи дин дида фарозу нишеб. Пеши қадаш судра дол, тӯбӣ аз ӯ як хаёл. Ҳури биҳиштидалол, дилбари фирдавсзеб. Роғу даман лолапӯш, боғу чаман гулфурӯш, Зоғу заған дар хурӯш, рухсати дидан қариб. Меҳри рухаш дар арақ дода ба хубӣ сабақ, Карда зи аксаш шафақ гунбади хизро аҷиб. Хуни дилам ҷӯ ба ҷӯ рафта зи бедоди ӯ, Чора чи созад, бигӯ, Ҳоҷии ҳиҷроннасиб.