То зи чашми он парирӯ чеҳра пинҳон кард шаб,
То зи чашми он парирӯ чеҳра пинҳон кард шаб,
Рӯзи моро, бегумон, аз дарди ҳиҷрон кард шаб.
Рӯзҳо аз муждаҳои васл моро шод кард,
Ваъда бар мо буд, бо хайли рақибон кард шаб.
Навбаҳори файз ҳам дар тирабахтӣ музмир аст,
Субҳро дар зери доман бин, ки пинҳон кард шаб.
Ҳамчу гул гар хандае кардем ҳангоми саҳар,
Кулфати айём моро дидагирён кард шаб.
Пардапӯшӣ аз сиришти тирарӯён шустаанд,
Марду занро аз либоси хеш урён кард шаб.
Хислати ҳар кас ба қадри дастгоҳи ҳиммат аст,
Рӯз нур оварду зулматро парешон кард шаб.
Қурби бадаслон кунад мардони солеҳро табоҳ,
Субҳро зуламткуши шоми ғарибон кард шаб.
Нотавононро ба хилват дастгоҳи дигар аст,
Чеҳраи сайёрагон аз парда шоён кард шаб.
Синаи бикшода аз гарди кудурат фориғ аст,
Осмонро баҳри рӯзу моҳ тобон кард шаб.
Ҳоҷӣ, гарчи доманаш аз дасти мо парҳез кард,
Панҷаамро бар миёнаш сахт печон кард шаб.