Гар зи рух барафканӣ, эй маҳ, ниқоб,
Гар зи рух барафканӣ, эй маҳ, ниқоб,
Чун чароғи субҳ мирад офтоб.
Нусхаҳо дидем, аммо рӯйи ту
Нусхае бошад, ки набвад дар китоб.
Ғайри ҳарфе аз лаби лаъли ту нест
Ҳикмати довудию фаслулхитоб.
Андак аз рамзи муаммои лабат
Ҳал нагашта дар ҳазорон фаслу боб.
Чун шамими шом зулфат дар машом
Кай дамад аз анбару мушку гулоб.
Як ишорат аз сарангуштат кашид
Таркҳо дар чор тарки моҳтоб.
Шуҳрати Юсуф ба олам рафт, гӯ
З-офтобат ламъае кард интихоб.
Аз бароят дил зи дунё бурдаем,
Дар гарав додем-ш айёми шабоб.
Ҳоҷӣ дар ҳиҷрат бимирад, пас хуш аст,
То бипурсӣ ҳоли ӯ явмалҳисоб.