Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Аз баъди вафотам чу намоӣ хами гесу-т,

Аз баъди вафотам чу намоӣ хами гесу-т, То бут биёбам, шиканам тахтаи тобут. Чун ёди сабо боди сабо бар дари хешам, Аз Чин магар оварда зи мушки Хутани мӯ-т. Бар хоки мазорам гузарӣ, дидаи зорам Ҳар зарра кунад айнаки худ, то нигарад сӯ-т, Муштоқи балотам, нафирефтанд зи роҳам Ғӯлони фиребанда ба Лотам, на ба Тоғут. Марҷони ту бар мурда чунон ҷони ҷавон аст, Ёқути ту қувватдеҳи ҷон аст чу моқут. Гулгунаи рухсори ту биншонд ба хун лаъл, Дандону лабат карда хиҷил гавҳару ёқут. Он кист, дар пеши ту аз ҳусн билофад, Нашнида, ки гашта бути Озар зи ту мабҳут? Морутсифат куштаи зиндони балоям, То рӯ-т халосам бинамояд, бинамо рӯ-т. Ҷӯёни вафотам, ба вафотам нанишинад, Болам ба алам ноладу болад ба такопӯ-т. Бар боли сабо бол занад аз чи ғуборам? Шояд ки кашад маҳмили ӯро ба сари кӯ-т. Хоки раҳи ту бар сари ман афсари шоҳист, Хошоки дарат хуштарам аз махмалу моҳут. Таърифи ҷамолат на ба авлоди замин аст, Зикри ту шумора ҳама дар сабҳаи малкут. Қудрат чи фузуда яди қудрат ки расида Сайрат зи накӯсиратӣ то олами лоҳут. Тайёр данӣ тоири арши фатаддалӣ, Шоҳаншаҳи амлоки малак молики носут. Ҳоҷӣ, чу кунӣ саъйи сафо рӯ ба Мадина, Шав хоки дараш, то ки бигӯянд сафоҷӯ-т.