Баҳор бе ту зи гулшан чу доғи лола гузашт,
Баҳор бе ту зи гулшан чу доғи лола гузашт,
Сабо ба бӯйи ту аз нофаи ғизола гузашт.
Чу офтоби рухат акс дар шароб афканд,
Зи шарм чун арақ аз домани пиёла гузашт.
Ҳадиси мавсими гул хуштар аст, эй соқӣ,
Дар он сабоҳ, ки бо шарбати ғасола гузашт.
Ҳамеша бӯса зи лаълат рақиб мегирад,
Мудом навбати мо бар сари ҳавола гузашт.
Ба ғайри домани тар нест дар либоси ифоф,
Ба кӯчае, ки дар ӯ қаҳбаи далола гузашт.
Абас чи меравӣ аз худ ба гулшане, ки дар ӯ
Хароб гулшанаш аз барқу боду жола гузашт.
Махӯр фиреб аз ин тозарӯ арӯс, ки ӯ
Талоқ дода зи сад шӯй бе ҳалола гузашт.
Вафо маҷӯ ту аз ин чарх, муддатест мадид,
Ки меҳри модариву илтифоти хола гузашт.
Ба ҳайратам, ки чи созам ба ин фиғон, Ҳоҷӣ,
Нафас чу най зи гулӯям ба дӯши нола гузашт.