Гаштам ба раҳат ғубор, эй дӯст,
Гаштам ба раҳат ғубор, эй дӯст,
По бар сари ман гузор, эй дӯст.
Ҳарчанд ҳақиру нотавонам,
Аз ман накунӣ канор, эй дӯст.
Ту такязани чаҳорболишт,
Ман дида ба роҳ чор, эй дӯст.
Аз ҳасрати чор абруи ту,
Ашкам шуда шашқатор, эй дӯст.
Бетобам аз он ду зулфи пуртоб,
Беморам аз он ду мор, эй дӯст.
Сад ғанҷу дилол аз ту ҳар дам,
Ман хиҷлати сад ҳазор, эй дӯст.
То кай туву ҳоли мо надидан,
То кай ману интизор, эй дӯст.
Чун зулфу хатат мушаввашам кард,
К-омад Мак(к)аро куфор, эй дӯст.
Як бор нагуфтӣ, Ҳоҷӣ, охир,
Ғам бо ту чи шуд дучор, эй дӯст.