Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Сабоҳи мавсими навбаҳор аз он хуб аст,

Сабоҳи мавсими навбаҳор аз он хуб аст, Ки вақти майхӯриву ҷилвагоҳи маҳбуб аст. Нарафта домани сабр аз кафам зи хастадилӣ, Асар ба гӯши ман аз рӯзгори Аюб аст. Суботи умри худам сарфи беқарорӣ шуд, Сипеҳри кавкаби бахтам чу чарх мақлуб аст. Ба ханда лаб накушудам, ки кулфате нарасид, Хушӣ зи хотири мо ин қадар чи маслуб аст. Дар ин баҳор, ки ғулғул зи ҳар тараф ҷорист, Садои дилшиканӣ аз видоъ матлуб аст. Ба ҳар сабоҳ дамад ин наво зи пардаи ғайб, Сари баланд зи нахват чу соя манкуб аст. Зи фарзу суннати қатъӣ ба хиҷлатам, воиз, Чи ҷойи гуфту шунидан зи боби мандуб аст. Ба ҳарза саъй макун, Ҳоҷӣ, ҷуз сафокорӣ, Ки кори зишту накӯ якзамонӣ маҳсуб аст.