Зиндагониро мадоро паҳлуи худ хӯрдан аст,
Зиндагониро мадоро паҳлуи худ хӯрдан аст,
Шамъ равшан з-устухони соқу мағзи гардан аст.
Доғҳо андар ғубори сина пинҳон кардаем,
Ҳамчу хокистар чароғи ахгарам дар доман аст.
То бувад рабти нафас фикри раҳоӣ мушкил аст,
Ришта то кӯтаҳ нагардад, дар шиканҷи сӯзан аст.
Эманӣ аз саркашон дар нотавониҳо хатост,
Барқ ҳам гар як шарар бошад, балои хирман аст.
Хотири аҳли сафо аз тирарӯзиҳо барист,
То кавокиб аз фалак гум гашт, субҳи равшан аст.
То куҷо андешаи тамҳиди молу ҷоҳ кард.
Дидаи вокарда худро интизори рафтан аст.
Дар шаҳодатгоҳи ишқ аз иштиёқи теғи ӯ
Ҳамчу шамъам як сару чандин ҳазорон гардан аст.
Ҳоҷӣ, аҳли фазлро даврон ба ифлосӣ кашид,
Косаи маҳ чун гадо холӣ зи нур афшондан аст.