Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Оташи шавқ, ки дар синаи ман пинҳон аст,

Оташи шавқ, ки дар синаи ман пинҳон аст, Чун самандар нафас андар лаби ман сӯзон аст. Гӯшаи танги ватан ҳисни ҳасини хатар аст. Шарар аз санг ҷаҳад, мурдани ӯ осон аст. Миннат аз дӯст макаш, пеши аду сар мафикан, Гарчи ӯ Ҳотами Тай ё писари Дастон аст. Офтобе ба рухи зарраи ман ҷилва намуд, Ки чу шабнам ҳама офаткадаи сомон аст. Ба чи уммед тавон тарҳи бино афкандан, Ба саводе, ки дар ӯ қасри ҳама вайрон аст. Гунаҳам поктар аз тоати зоҳид бошад, Ки ба худ рафта маро дил зи гунаҳ тарсон аст. Ҳоҷӣ, ёрони замон ҷуз ба ҳасад дам накашанд, З-ин сабаб фусҳати ин дашт маро зиндон аст.