Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чу чархам қомат аз рӯзи нахустин соз бишкаста-ст,

Чу чархам қомат аз рӯзи нахустин соз бишкаста-ст, Зи шасти ин камон тирам ба як андоз бишкаста-ст. Ғуборам аз фишурдан сурма шуд чандон ки аз хокаш Найистон гар дамад, дар ҳар гиреҳ овоз бишкаста-ст. Чи ҳусн аст ин ки аз найранги шӯхиҳои эъҷозаш Бутони озариро шуҳрати эъҷоз бишкаста-ст. Тавон дар пеши зулфаш дастаи сунбул ба ноз ояд, Ба ҳар як тори мӯ чандин ҳазорон ноз бишкаста-ст. Намеояд бурун аз пардаи мо ҳеч овозе, Хароши сина умре шуд раҳи ин соз бишкаста-ст. Сипеҳр аз моҳи нав ангушти ҳайронӣ ба лаб овард, Ки ин нохун чаро бар айнаки ман боз бишкаста-ст. Чу чинӣ бар танам ҳар сӯ хатти бишкастагӣ овард, Кулаҳ, чун дидам, он бебоки олам боз бишкаста-ст. Чаро бошад хато аз бӯсаи лаълат таманноям, Ки з-ин бори ишорат абруи ғаммоз бишкаста-ст. Агар Ҳоҷӣ расад дар Каъбааш, аз мо дуое гӯ, Ки боли саъйи ин афтода аз парвоз бишкаста-ст.