Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Баҳор омад, ҳанӯзам хотири ношод ҳастастаст,

Баҳор омад, ҳанӯзам хотири ношод ҳастастаст, Мабодо ҳеч бишкаста чу ин мино шикастастаст. Шикоят аз замону шиква натвонам зи гардун кард, Ки ҳар чи мерасад бар мо, набишти ҷабҳа ҳастастаст. Зи дил савдои зулфи дилфиребат чун бурун орам, Ки ин девона муддатҳо ба ин ғавғо нишастастаст. Хиҷил аз қоматат шамшоди шодоб аст дар хубӣ, Чу ин ножу куҷо дар гулшани айём растастаст. Худоро, воизо, ҳаргиз мадеҳ ташвиш аз пандам, Ҳанӯзам гӯш бар овози ин фарёд бастастаст. Баҳор аз омади гул муждае овард дар гулшан, Ки доман то камар гулзор чун товуси мастастаст. Магар аз остин сарпанҷаи нозук баровардӣ, Ки бозори ҳино якбора бори ранг биншастаст. Макун таънам ба худбинӣ, ки фикри бехудӣ моро Шикастастаст, шикастастаст, шикастастаст, шикастастаст. Куҷо, Ҳоҷӣ, тавон тамҳиди арзи муддао кардан, Ба бебоке, ки шамшери ҷафо холӣ ба дастастаст.