Куштаи теғи ду абрӯ манамат,
Куштаи теғи ду абрӯ манамат,
Бастаи наргиси ҷоду манамат.
Он ки нақди дилу ҷон бурд, туӣ,
Дилу ҷон дода бар ҳар мӯ, манамат.
Беқароре зи ғамат ҳаст, манам,
Карда бо ҷавру ҷафо хӯ, манамат.
Нест қумрӣ, ки саҳар магӯяд
Ба сари кӯйи ту куку, манамат.
Масрафам гар бикунӣ ҳусни закот
В-ар ба мискин бидиҳӣ ӯ, манамат.
Шод шамшоди чу гул шодобат,
Қумрии қомати ножу манамат.
Ҳамчу кокул гиреҳам даркор аст,
Мар фурӯ рафта чу гесу манамат.
Ба давоми шарафу базми висол
Ҳоҷии пири дуогӯ манамат.