Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чун парӣ, эй маҳ, чаро дур аз ҳаё мебинамат,

Чун парӣ, эй маҳ, чаро дур аз ҳаё мебинамат, Бо тағофул хӯгару бемарҳабо мебинамат? Рӯзу шаб мастона дар базми рақибон ҷо кунӣ, Бар сари худ шӯху шанги пурҷафо мебинамат. Улфате нодидаву сад бор миннат мениҳӣ, Суҳбате нокардаву ноошно мебинамат. Бо тағофул чанд, бар мо ҳам яке назорае, Инчунин то кай назар дар пушти по мебинамат. Гармии бозори хубӣ чанд рӯзе беш нест, Оқибат чун нақши оташ рӯсиё мебинамат. Дарди моро аз ту набвад ҳеч сомону илоҷ, Дар ҷамеи ранҷҳо нафъу шифо мебинамат. Кулфати даврон туро, Ҳоҷӣ, ҳамон дар хотир аст, Ҳар қадар баҳри сафо саъйозмо мебинамат.