Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Рӯят маҳу офтоб бишкаст,

Рӯят маҳу офтоб бишкаст, Мӯят шаби мушки ноб бишкаст. Пайғоми руху шамими зулфат Бозори гулу гулоб бишкаст. Бадмастии чашми пурхуморат Сад шишаи пуршароб бишкаст. Ошӯби зи ҷой ҷастани ту Бар айнаки фитна хоб бишкаст. Гуфто, ки чаро шикаст рангат? Гуфтам, ки рухат ниқоб бишкаст. Гуфто, ки зи ҳам чаро нахезӣ? Гуфтам, камарам итоб бишкаст. Як нолаи хотири хазинам Сад зеру бами рубоб бишкаст. Ҳоҷӣ, дили мо саҳеҳтар шуд, Чун зулф зи печутоб бишкаст.