Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

То маро шасти қазо дар ин фазо афкандааст,

То маро шасти қазо дар ин фазо афкандааст, Бенавоӣ роҳату кулфат наво афкандааст. Ҳамчу ман хиҷлаткаше дар олами изҳор нест, Аз тасаллӣ бар кафи сифрам ҳино афкандааст. Киштии бишкастаи мо то ба соҳил чун расад? Дар муҳити беканораш нохудо афкандааст. Аз лаби ҳар зарра шӯри сад қиёмат медамад Дар биёбоне, ки Маҷнунам садо афкандааст. Эй фалак, дасти татовул аз қумоши мо бигир, Ғайри далқе нест он чи ин гадо афкандааст. Ҷуз шикастан бар наёрад решаи молиш падид, Донаи деҳқон миёни осиё афкандааст. Аз мизоҷи зоҳиди мо маззаи талхӣ нарафт, Чун наботи Миср ҳам гар хуб ҷо афкандааст. Шуҳрати фазл аст рашки бетамизони ҳасуд, Бин, ки нури моҳ сагро дар аво афкандааст. Ҳоҷӣ з-ин туҳматсаро ҷуз номи бадномӣ набурд, Гарчи аз лаббайк ғавғо дар Сафо афкандааст.