Дил якебин гар шавад, чизи дигар даркор нест,
Дил якебин гар шавад, чизи дигар даркор нест,
Сурати касрат дар ин ойина ҷуз зангор нест.
Нестӣ хосияте дорад, ки пеши ҳимматаш
Ҳар ду оламро ба як ҷав қимату миқдор нест.
Мо – заифон чун сиришк аз паҳлуи афтодагӣ
Ҷилваи мо лағзише дорад, ки ноҳамвор нест.
Кас намедонад гуноҳи ишқбозонро, чаро
К-ин ҷиноят шеваи тақлиду истикбор нест.
Сина то равшан кунӣ, зулматсарои тан биҳил,
Нур нанмояд дарун, то хона бе девор нест.
Ғайри ҳарфе нест дарси мактаби мо – бедилон,
Сабҳаҳо фарсуд, аммо ҷуз яке такрор нест.
Худномоён суманот аз хеш пайдо кардаанд,
Саҷдаи ин қавм кам аз ҳайати зуннор нест.
Бе салоҳи дил набошад нури тоатро фурӯғ,
Кам диҳад ҳосил зироат, гар замин шудгор нест.
Аз сияҳкорон наёяд санъати шоистае,
Теғро каҷпайкарӣ ҷуз айби оҳанкор нест.
Ҳоҷӣ, мо аз гуфтугӯйи ину он лаб бастаем,
Рамзҳо дорем, аммо маҳрами асрор нест.