Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Шӯхе ба ғамза хотирам бемор карду рафт,

Шӯхе ба ғамза хотирам бемор карду рафт, Рухро намуду мушкилам дар кор карду рафт. Ҷонам зи тоби орази гармаш ба таб тапид, То он даме, ки аз манаш безор карду рафт. Баҳри суоли меҳнату беморпурсиям Омад, валею мурданам ахбор карду рафт. Рӯзам ба шаб расид, расид он парию боз Шодам саҳар ба ваъдаи дидор карду рафт. Пинҳон ғамат ба синаи маҳзун чи сон кунам, Ашки ғамоз бар рухам изҳор карду рафт. Моро пиёла кокулу савдои зулфи ту Расвои шаҳру шуҳраи бозор карду рафт. Ҳоҷӣ, барои дидани рӯят ба чорроҳ, Умре нишасту дидаи худ чор карду рафт.