Намуда рух зи ниқоб, тамоми олам сӯхт,
Намуда рух зи ниқоб, тамоми олам сӯхт,
Зи нури орази гармаш найири аъзам сӯхт.
Чу дид чеҳраи гулгуни ӯ, баҳор бирафт,
Сабову ғунчаву гул ҷамъ кард, бо ҳам сӯхт.
Ба гулшане, ки дар ӯ офтоб рух андохт,
Чу доғи лола ба гул қатраҳои шабнам сӯхт.
Шарори ҳусн ки, ё Раб, кашид барқи фурӯғ,
Ки худро чу гулистони лолаи олам сӯхт.
Биё, ки ҷилвае чун дастгоҳи водии Тӯр,
Ҳазор шуъла ба каф омаду маро ҳам сӯхт.
Ба рӯйи синаи ман захмҳо, ки носур аст,
Мароҳиле, ки надорад илоҷ, марҳам сӯхт.
Кӣ зад ба оташи ман домани карашмаву ноз,
Қумоши ҳаҷру сабурӣ, ки буд, як дам сӯхт.
Зи кори ишқ хуш астам, валек аз ин хуштар
Ҳама бисӯхт ба як дам, маро дамодам сӯхт.
Бо оби чоҳи Хизир хиҷлати тамаъ набарам,
Чу Ҳоҷӣ синаи ман аз барои Замзам сӯхт.