Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Бар гирди рухат он хатти мушкин, ки дамида-ст,

Бар гирди рухат он хатти мушкин, ки дамида-ст, Морест, ки бар хирмани гул ҳалқа кашида-ст. Маро чи сабаб бар дари ту бор набошад, Бо баргу навое ҳама з-ин боб расида-ст. Фарёд, ки рафтему рухат ҳеч надидем, Чун ман ба абас ҳеч касе умр надида-ст. Фардо, ки халоиқ ба сафи ҳашр дароянд, Саҳрои қиёмат зи ту лабрези шаҳида-ст. Қулфи дари ту бар кафи ҳар кас накушояд, Ё Раб, бари ин баста киро панҷа калид аст? Дар банди қабои ту чи сон панҷа расонам, К-аз панҷаи ман дастрасӣ даст кашида-ст? Ҳоҷӣ, чу шаб аз қисмати айём ба дардам, Зулматкаши ҳиҷрони ману ағёр муфид аст.