Дил чу ба ғам хӯ кунад, шодӣ зараргори ӯст,
Дил чу ба ғам хӯ кунад, шодӣ зараргори ӯст,
Меҳру вафо парварад, дарду алам ёри ӯст.
Захмӣ на танҳо манам аз асари он ду мор,
Ҳар сӯ назар мекунам, захмиву бемори ӯст.
Аз дари Яздон талаб ғам куну роҳат махоҳ,
Гар ба наам дилхушӣ, шеваи дарбори ӯст.
Бар сари хони фалак ҳар кӣ нафас мекашад,
Хизр агар ҳам бувад, заҳри фанохори ӯст.
Муфт фақирӣ бувад, саҳл мадон хоҷагӣ,
К-ин ба замин меравад, боми фалак дори ӯст.
Духтари раз даҳ талоқ, уммӣ хабоис магир,
Хуни ҳаром рехтан гармии бозори ӯст.
Мурдасифат хоб чанд, хезу хурӯше бикун,
Шиша мукаддар манеҳ, ғофили зангор ӯст.
Бори гарони ҷаҳон хоҷа чи дорад ба дӯш?
Хар, ки набудаш дигар, зердумаш пори ӯст.
Кулбаи Ҳоҷӣ биё, бар дари зоҳид марав,
Мазҳаби ин ову ув ҳақталабӣ кори ӯст.