Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Аз оташи шавқат ҷигари хаста кабоб аст,

Аз оташи шавқат ҷигари хаста кабоб аст, Кошонаи чашмам чу қадаҳ дар таҳи об аст. Аз муждаи дидори ту мижгони сафедам Равшантар аз ойинаи хур зери саҳоб аст. То моҳи ту карда ба замин нурфишонӣ, Дар пардаи гардун рухи хур бастаниқоб аст. Аз неъмати алвон нашавад сер тунукзарф, Дар баҳр тиҳӣ косаи вожуни ҳубоб аст. З-ин доира ҷуз ранҷу тааб ҳеч надидем, Дӯзах магар ин аст, ки тӯфони азоб аст. Хуш дор дар ин бодия, к-аз роҳ нагардӣ, Ғӯлон ба фиребанду намудор сароб аст. Дар баҳр кадом кушта фиканданд, ки имрӯз Чун ҷавҳари шамшер зиреҳ дар тани об аст. Аз қомати хамгашта дигар ҳеч мапурсед, Наъле ба раҳ аз қофилаи тезшитоб аст. Арзи дили худ, Ҳоҷӣ, чи тақрир тавонам, К-ин масъала баҳсест, ки холӣ зи ҷавоб аст.