Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Лолаи рӯйи ту то дар арақ аст,

Лолаи рӯйи ту то дар арақ аст, Чун гули сурх дилам сад варақ аст. Ёди васлат наравад аз ёдам, То ки боқӣ зи равон як рамақ аст. Тифли мо мактаби ғам мехонад, Гар ба пирӣ бирасад, ин сабақ аст. Гулшани умр хазон гашт, ҳавас Чи баҳорест, ки бар як насақ аст. Хома ҳаргиз хатти озодии мо Нанавишта, магараш танг шақ аст. Духти олам нашавад ҷуфт, магар Ба касе ҳезу ба боди фатақ аст. Ҳоҷӣ, аз бахти сиёҳам доман Чун туи шом лаболаб шафақ аст.