Ин чаманро, ҳар кӣ омад, як замон нодида рафт,
Ин чаманро, ҳар кӣ омад, як замон нодида рафт,
Гул агар бишкуфт, аммо ғунчасон нодида рафт.
Ваҳшати имкон на танҳо чашми мо пӯшида кард,
Меваи ин боғро пиру ҷавон нодида рафт.
Бар абас, эй бори ғам, бар хотири мо ҷо магир,
Ҷинси кулфат ҳар чи диду ғайр аз он нодида рафт.
Метавон рамзе шикофт аз айнаки лавҳи ҳубоб,
К-ин муҳит аз як намудоре нишон нодида рафт.
Тирабахт аз файзи олифитратон бебаҳра аст,
Шамъ равшан то шавад, зулмат ҳамон нодида рафт.
Шишаи моро сафо андак кудурат музмар аст,
Меҳрро шаб мебарад, гар чи бар он нодида рафт.
Муфти он озодамарде, к-аз қаноатмашрабӣ
Миннати ноне зи хони мунъимон нодида рафт.
Аз барои пурсишам омад табиби меҳрбон,
Дарди мо бисёр буду ҳеч аз он нодида рафт.
Ҳоҷиё, некӯтарини мардумон донӣ, ки кист?
Он ки айби хеш диду аз касон нодида рафт.