Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй ба зулфат сад дили вобаста андар иқдҳост,

Эй ба зулфат сад дили вобаста андар иқдҳост, Бас дар ин доми бало афтодаро махлас хатост. Чашми махмурат, ки паймони тағофул бастааст, Аз чунин бемеҳр чашме чашми меҳре мар кирост? Ёди гулзоре, ки пеши дидаам гул кардааст, Мардуми чашмам чу тифли ашки ман рангинқабост. Хоки мо барбод рафту ёди ту аз мо нарафт, Маҳви дидори туро ойини ҳайрат то куҷост? Боли саъйи зиндагонӣ норасо афтодааст, То бувад ин ришта бар по, монеи ҷавлони мост. Офати ин бум дар чашми касон пӯшида нест, Субҳу шоме ҳаст ин ҷо, нақши чашми аждаҳост. Умрҳо яксар ба дарду доғи нокомӣ гузашт, То куҷо дастам зи домони фароғат норасост. Мижаи моро зи таъсироти тӯфон кам магир, Ҳар куҷо абри сиёҳе ҳаст, селе дар қафост. Кай ба мо шуд ҷамъ дунё то аз ӯ бигзаштаем, Панҷаи нобастаро аз ранг во кардан ҳиност. Инқилоби даҳрро, Ҳоҷӣ, аз он фаҳмидаем, Гунбаде болои сар дорем, гоҳе зери пост.