Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чи сабаб, ки турки мастам бари мо надида бигзашт,

Чи сабаб, ки турки мастам бари мо надида бигзашт, Нанишасту нолаи мо даме ношунида бигзашт. Зи паёми ваъдаи ӯ, ки чу шаб биёяд, оям, Нағунудам он ки шаб ҳам ба дами сапеда бигзашт. Чу ҳилол пайкари ман ба тавозуи дари ӯ, Ба умеди ҷабҳасоӣ ба қадди хамида бигзашт. Ба чаман ба субҳгоҳӣ чу ғизоли ваҳшӣ омад, Зи саводи дидаи ман чи қадар рамида бигзашт. Чӣ зи дӯст шиква созам, ки зи бахти номусоид, Бирасиду доман аз ноз зи кафам кашида бигзашт. Зи ғами ҷудоӣ, Ҳоҷӣ, ба фиғон чаро нанолам, Ки чу най зи найситонам ҳама кас бурида бигзашт.