Шаш ҷиҳат гар бингарӣ, қонуни ибрат дар навост,
Шаш ҷиҳат гар бингарӣ, қонуни ибрат дар навост,
Гӯш мебояд кунад фаҳме, ки ин ғулғул чарост.
Зери домони тағофул ҷумла сар печидаем
В-арна хоби ин ҳама ибраткаши роҳи фаност.
Сурати мижгонкушоӣ рамзи баъс ангехта,
Ҷунбиши боди нафас бар нафхаи маҳшар гувост.
Хоби ғафлат эътибори дидаи мо кӯр кард,
В-арна ҳарчи шахси олимрост, дар мо ҷобаҷост.
Пардаи сози зуҳури мо фаноовозааст,
Нестиро худ далел аз рафтани савти садост.
Хок чандоне ки андар зери по саркӯфтааст,
Сози таслиме, ки дорад, соҳиби нашъу намост.
Ҳайф, умре имтиҳони ҷамъиятҳо кардаем,
Аз қусури худ нафаҳмидем, ҷамъият куҷост.
Ҳоҷӣ, чун ба худ нанолам бо ҳама афтодагӣ,
Як мади оҳе дар имдоди дили ман барнахост.