Чи хуш аст дилрабое, ки чу нури дида бигзашт,
Чи хуш аст дилрабое, ки чу нури дида бигзашт,
Бари пурсиши ғарибон ба шаб орамида бигзашт.
Дилу ҷону дин рабуда, рухи шармгин намуда,
Гиреҳи ҷабин гушуда, ба миён расида бигзашт.
Ба камоли шахкамонӣ, ба дами самандаронӣ,
Ба ҳама сабукравонӣ, чи инон кашида бигзашт.
Чи шавӣ дар итиҳонам, ки мабод зинда монам,
Шуда об дидагонам, ба раҳат чакида бигзашт.
Ба ҳазор хун тапидам, нафасе наёрамидам.
Чу ба матлабе расидам, чу шарар расида бигзашт.
Ба мадори инҷаҳонӣ чи ба фикри айшронӣ,
Ки тамоми зиндагонӣ чу ба хоб дида бигзашт.
Ҳама, Ҳоҷӣ, эътизорам, ки зи шарм тавба орам,
Ба чи сон гунаҳ шуморам, зи дусад ҷарида бигзашт.