Будам дилаке, аз бари ман сӯйи ту рафта-ст,
Будам дилаке, аз бари ман сӯйи ту рафта-ст,
Ин тоири ваҳшӣ ба чаро кӯйи ту рафта-ст.
Бо дидаи равшан чу накоҳад ба замин хӯр,
Оё хабаре бар фалак аз рӯйи ту рафта-ст.
Сад реша маро аз ҷигари реш баромад,
Чун шона ба ҳалли гиреҳи мӯйи ту рафта-ст.
Акнун дигарам бар сари ин роҳ наёӣ,
Инак рамақе буд, ба такопӯйи ту рафта-ст.
Хун шуд зи ҳасад мушку гиреҳ хӯрд ба нофа,
То дар Хутан аз накҳати гесӯйи ту рафта-ст.
Умеди саломат ба худ он гӯ, чӣ писандад,
Чун ҷоми фалак аз хами абрӯйи ту рафта-ст.
Бар гӯши ту ҳар шаб, ки расад нолаи шеван,
Ҳоҷист чу Маҷнун, ба ҳаёҳуйи ту рафта-ст.