Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ман шефтаи маҳи ҷабинат,

Ман шефтаи маҳи ҷабинат, Кулфаткаши тинати хашинат. Ҳусни санами Хутан, бути Чин, Як бенамак астӣ, ки каминат. Мушк аст хиҷил ба фусҳати Чин, Гул мунфаили шамими чинат. Пас ман чӣ касам, ки нестам ман Нимкуштаи теғи саҳми кинат. Кун лутф ба ман, бути ситамкеш, Ҳастам ба муҳаббати гаҳинат. Айб аст ба чашми бенигаҳ хуфт, Зулм аст ба ҳусни ҳамчунинат. Бас муҳтасиб аст мисли муфтӣ Масти майи чашми нимабинат. Нуҳ сақфи фалак шикаст, Ҳоҷӣ, Як шуълаи синаи ғаминат.