Саҳрои навбаҳорон бо ёди ёр хуб аст,
Саҳрои навбаҳорон бо ёди ёр хуб аст,
Доғи диле набошад, кай лолазор хуб аст.
Дар роҳи қадрдонӣ аздод то набошад,
Гулро наметавон гуфт бе ранҷи хор хуб аст.
Ғавғои ошиқона бе фитна кай нишинад,
Ҳар ҷо аналҳақ ояд, тамҳиди дор хуб аст.
Дар мавсими ҷавонӣ як бор лаб газидан
Аз тавбаҳои пирӣ чандин ҳазор хуб аст.
З-ин филакони каҷрав чун рух ба гӯшае ҳам
Эман наметавон шуд, ҳар чи канор хуб аст.
Бар гирди орази ёр чун хат дамид, гуфтам:
Хубӣ чу подшоҳ аст, шаҳро ҳисор хуб аст.
Дар хони шаҳди Ҳотам гар бӯйи миннате ҳаст,
То мардуме наранҷад, худро барор, хуб аст.
Ҳоҷӣ насиҳатам дод аз рӯйи порсоӣ,
К-онҷо шикояте ҳаст, саъю фирор хуб аст.