Ғубори мо даме аз тапидан чаро нанишаст?
Ғубори мо даме аз тапидан чаро нанишаст?
Ба домане нарасида ба зери по нанишаст?
Ба таҳти синаи решам ҳазор носур аст,
Фароҳамӣ чу надорад, бар ӯ даво нанишаст.
Замона чун ба кафам медиҳад зимоми мурод,
Ки бар ҷаридаи мо ҷуз хатти ано нанишаст.
Ҳавои ҷоҳ чунонам зи устухон рафта,
Ки шуд сафеду бар ӯ як даме ҳумо нанишаст.
Ба ранҷи кинакашон, Ҳоҷӣ, оҷизон биншинанд,
Саг аз аво нанишинад, агар гадо нанишаст.