Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Биё, ки фасли гулу вақти эътидол гузашт,

Биё, ки фасли гулу вақти эътидол гузашт, Замони майхӯриву мавсими висол гузашт. Савора бар сари бемори ғам яке бигзар, Бубин, ки бар мани бедил чи гуна ҳол гузашт. Зи ранҷи нолаи ман, ҳамраҳон, кунун растед, Ки хатм шуд нафасу оҳи инфиол гузашт. Бақои аҳли вафоро ҷаҳон баробар нест, Ки умри ҳар шаби ӯ чун ҳазор сол гузашт. Ба дида гар надаройӣ зи заҳмати мардум, Биё ба дил, ки аз ӯ нисвату риҷол гузашт. Бунафша ҳар саҳаре аз канори ҷӯ хезад, Сабо ба бӯи ту то ҳамраҳи шамол гузашт. Ҳазор гуна сухан зери лаб ниҳон кардам, Чу вақти арзи матолиб дами суол гузашт. Ба мост, Ҳоҷӣ, аз ин тиҳӣ бе сару сомон, Ҳазор қофила чун мардуми хаёл гузашт.