Бурдам бурун аз хештан шавқи баҳори диданат,
Бурдам бурун аз хештан шавқи баҳори диданат,
Ёбам магар чун бӯи гул з-оворагиҳо гулшанат.
Аз хоки мо сар бар занад ҷуз решаи афтодагӣ,
К-ин дона паст афтодааст аз дасти ноз афканданат.
Бо ин ҳама бишкастагӣ якбораам дарҳам шикаст,
Сози тағофул карданат, овози бишкан-бишканат.
Беш аз ниёзи як рукӯъ аз ҷабҳаи мо медамад,
Сад сурати меҳробҳо шавқи суҷуд оварданат.
Чун шамъ гардан мекашад бо ин қадар афсурдагӣ,
Хокистари парвонаам пеши чароғи равшанат.
Тамҳиди сад гулзори ранг аз навбаҳори қудратат,
Як ғунчае сар барзанад аз сад ҳазорон хирманат.
Нуҳ тоқи чархи нилгун андар муҳити кофу нун,
Камтар ҳубоби вожгун оварда пайдо карданат.
Дар чорсӯи ламязал тамҳиди арзи сад милал
Ҳарфе зи асрори азал оварда рамзи гуфтанат.
Шӯри ҳадас ва кайфу камм дар кишвари яктоӣ аст,
Як сӯзане сар бар накард аз тангии пироҳанат.
Хандон, ки гардидӣ бурун, бастӣ раҳи дарки уюн,
Тӯр аз таҷалливу сукун маҳви чароғи эманат.
Ҳарчанд дорам ҷустуҷӯ, ойина дорад рӯ ба рӯ,
Ҳоҷӣ чи дорад орзу, дар ёфтанҳо ҷустанат.