Кунам то кай тасаллӣ хотири ношод аз дастат,
Кунам то кай тасаллӣ хотири ношод аз дастат,
Ки як нохун гиреҳ дар кори мо накшод аз дастат.
Чу соғар бар танам ҳар мӯ хатти бишкастагӣ овард,
Магар ин шиша бар санге зи тоқ афтод аз дастат.
Расонам то ба кӯят нола бо умеди таъсире,
Ғуборам сурма шуд дар раҳрави фарёд аз дастат.
Зи девони вафо ҳарфе надорӣ ёд, медонам,
Гирифт ин номаро рӯзи азал устод аз дастат.
Надодам дасти домони мурод аз додхоҳиҳо,
Агарчи нолаҳо кардам ба сад бедод аз дастат.
Бисоти ноз кам чин, тарки имони тағофул кун,
Ки шуд сад хона вайрон, хонаат обод, аз дастат.
Чи сон мурғи дили Ҳоҷӣ халосӣ орзу дорад,
Ки натвонад ба мурдан ҳам шудан озод аз дастат.