Фикр агар бошад расо, ҳар мӯ дар аъзо ибрат аст,
Фикр агар бошад расо, ҳар мӯ дар аъзо ибрат аст,
Аз лаби оҷизбаёнӣ ин ману мо ибрат аст.
Зери домони тағофул оламе хобидаанд,
Кист чашме во кунад, бинад ки дунё ибрат аст.
Маънии имрӯзу фардо бар касе равшан нашуд,
Рамздононро саропо ин муаммо ибрат аст.
Мо қиёматро далел аз пеш пайдо кардаем,
Ҳар саҳаргаҳ маҳшаре дорад, ки танҳо ибрат аст.
Як нафас дар зери гардун сурфаи фурсат куҷост,
Ғайр аз инат нест ибрат, гарчи ҳар ҷо ибрат аст.
Хотири равшанзамирон бе кудурат кас наёфт,
Аз гирифти моҳу ҳур дар дидаи во ибрат аст.
Ҳоҷӣ, з-ин мазраъ касе бори иқомат барнадошт,
Гашти ин шатранҷро беҳосилиҳо ибрат аст.