Биё, ки сабза дамида ба раҳ чаҳор ангушт,
Биё, ки сабза дамида ба раҳ чаҳор ангушт,
Чаман зи ғунча бурун карда сад ҳазор ангушт.
Чи гуна хотири мо бишкуфад, ки чун симтур
Шикаста бар дили решам ҳазор хор ангушт.
Чу тори зулфи туам дил зи тоб меларзад,
Ба ҳар даме, ки занад торӣ бар дутор ангушт.
Чу шона панҷа ҳар он ки кашад ба зулфи каҷат,
Дамад зи фарқи ҳазор ангушти ӯ қатор ангушт.
Мадеҳ ризо, ки занад бӯса зери по-т рақиб,
Ки кас чи гуна ниҳад бар даҳони мор ангушт.
Закоти ҳусн бидеҳ, Ҳоҷӣ, мунқатаъ ҳоҷ аст,
Ҳамон қадар ки ба чап метавон шумор ангушт.