Ба зери тоқи нилӣ сурати мо то нишон баста-ст,
Ба зери тоқи нилӣ сурати мо то нишон баста-ст,
Қабои таъзият бар қомати мо он замон баста-ст.
Намедонам чи кардам андар ин вайрона, мебинам,
Ба кинам марду зан якбора ханҷар бар миён баста-ст.
Надорад байзаи тамҳид истеъдоди усфурӣ
Дар он водӣ, ки анқо шаш ҷиҳатро ошён баста-ст.
Нигоҳам фурсати мижгон ба ҳам кардан намеёбад,
Гули моро таҳайюр з-оби чашми моҳиён баста-ст.
Надорад аҳли дунё бар фақирон, Ҳоҷӣ, имдоде,
Ба чоки жандае, ки чархи гардун ресмон баста-ст.