Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Дорӣ зи чӣ, эй бехабари ҳарзафиғон, баҳс,

Дорӣ зи чӣ, эй бехабари ҳарзафиғон, баҳс, Бо софдилон аз нафаси тиранишон баҳс? Танг аст ба баён доираи гулшани имкон, Ҷуз сурати рафтан набувад ҳеч дар дар он баҳс. Аз мо чи занад сар ба ҷуз аз шеваи лағзиш, Ашкему гирифта ба асои мижагон баҳс. Дар хок нишинӣ, ҳама гар болу пар ойӣ, Чун тир кунӣ як даме ҳамроҳи каҷон баҳс. Аз суҳбати золимнафасон фитна барояд, Оташ ҷаҳад аз теғ, чу гирад ба фасон баҳс. Бо мавлавӣ натвон шудан имрӯз муқобил, Ҷуз ҳарза надорад дигар он сафсатахон баҳс. Дорӣ чу ҳавас зобитаи пардадаронӣ, Дар мадраса шав, бин, ҳама доранд дар он баҳс. Халқе ба абас монд чу Фарҳодталошанд, Бо кӯҳ чи доранд чунин кӯҳканон баҳс? Бо соҳиби из саъйи абад гир чу Ҳоҷӣ, Дидам ба ҳаҷар ҷуз накунад бӯсазанон баҳс.