Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Каманди зулфи ту гашта ба банди ҷон боис,

Каманди зулфи ту гашта ба банди ҷон боис, Хаёли рӯи туам шуд ба ин фиғон боис. Чи офате, ки тамошои шуҳратангезат Барои фитнаи олам бувад ҳамон боис. Сабо зи гул чи хабар дошт, агар намегаштӣ Барои шуҳрати ӯ шӯри булбулон боис. Қарини каҷманишон офати инод орад, Ба хун фитодани пайкон бувад камон боис. Ҷамоли шоҳиди маънӣ ниқоб накшояд, Набошад ар гунаҳи ҷурми осиён боис. Ҳумои олами қудсам, вале ба зер афканд Насиби шурбати обе, ними нон боис. Чу ғунча синаи ман таҳ ба таҳ пур аз хун аст, Машав дигар ба харошаш ту, эй фулон, боис. Талоши баҳру бар осон шудам, ки, Ҳоҷӣ, буд Тавофи равзаи он шоҳи инсу ҷон боис.