Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ман ҳечу бадӣ ҳечу раво ҳечу ҷаҳон ҳеч,

Ман ҳечу бадӣ ҳечу раво ҳечу ҷаҳон ҳеч, Донам ба чи ҳечӣ шуда дар банд чунон ҳеч. Тоҳунаравиш сурфаи авқот надидам, Ҷуз домани пуробу кафи донафишон ҳеч. Оё чи асар оҳи дили Кӯҳкан ангехт, К-ин ғулғула ҳаргиз нашуд аз гӯши замон ҳеч. Хубон ҳамагӣ шеваи хуш ғанҷу далоланд, Аз расми вафо нест ба ин сангдилон ҳеч. Дар хирмани гардун чи қадар таҷриба кардем, Як дона нашуд ҳосили ин Коҳкашон ҳеч. Фарқи зану мардӣ ҳама як ришу бурут аст, Ҷуръат шуда дар дағдағаи таври замон ҳеч. Дар ваъдагаҳи ҷилваи дидор ғуборем, То мижжа кушояд, шуда чун Тӯр ҳамон ҳеч. Ё Раб, ба чи сон домани васлаш ба каф орам? Ӯ чархи баринпояву ман зортавон ҳеч. Ҳоҷӣ, ҳама донем ба андозаи шуҳрат, Донем, надонем чу шаҳри Ҳамадон ҳеч.