Чун зулфи ёр хӯрдаам гиреҳу тоб-печ,
Чун зулфи ёр хӯрдаам гиреҳу тоб-печ,
Дуди дилам чу нофа дамад мушки ноб печ.
Тори амал чу риштаи тӯмори анкабут,
Дар раҳрави хаёл чи қадр интихоб печ.
Баҳри вуқуфи нолаи пасту баланди ман
Як лаҳзае чу гӯш ба тори рубоб печ.
То фитнаи маҳшари кубро наёварӣ,
Бо чашми масту орази гармат ниқоб печ.
Дар тангнои олами авҳом чун шарар
Дар интизори чашмаке гаштем хобпеч.
Аҳли замон зи шеваи пиндор мехӯранд
Гумраҳсифат зи шаҳраҳи фаслулхитоб печ.
Сахт офат аст душманӣ аз нармсиратон,
Кӯҳ аз миён бияфканад, гирад чу об печ.
Ҳамчун калова дар равиши печу тоби чарх
Мӯйи нафас кашидаам дар изтироб печ.
Хоке зи роҳи дӯст кунад Ҳоҷӣ то ба сар,
Шуд гирдбоду хӯрд ба мушти туроб печ.