Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Раҳме набувад бар дилат, эй ёр, магар ҳеч,

Раҳме набувад бар дилат, эй ёр, магар ҳеч, Бар хастадилон нест туро майли назар ҳеч. Ҳарфе зи лаби лаъли ту ҳаргиз нашунидем, Берун начакад об зи дарёи гуҳар ҳеч. Умре ҳама шаб наъра бар афлок кашидем, Маълум нашуд аз пайи як нола асар ҳеч. Дар коргаҳи қолаби мо нест матое, Шоистатар аз доғи дилу сӯзи ҷигар ҳеч. Дар лоласитон турбати мо боди кӣ бошад, То ёд диҳад, к-ин дили доғест, дигар ҳеч. Дар Каъба агар, Ҳоҷӣ, дигар бор биёӣ, Чун ҳалқа машав аз дари он хона бадар ҳеч.