Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй гулъизори маҳваши андар ниқоб рух,

Эй гулъизори маҳваши андар ниқоб рух, Моро масӯз ҳар даму кун беҳиҷоб рух. Бетоби он ду кокули пуртоб гаштаам, Дигар матобам аз ғаму магзар ба тоб рух. Андар саводи сояи зулфам паноҳ деҳ, Чун шамъ бас гудохтам, эй офтобрух. Мушки Хито зи накҳати зулфат ба вом рафт, Дар қиссаи сабо шуду додаш савоб рух. Ё Раб, чи луъбатӣ, ки зи шарми ту офтоб Аз найзаҳои худ кунад андар ниқоб рух. Бимам гудохт пайкару эман чи сон шавам, Бимам ҳамеша з-оташи кинаш ба тоб рух. Васлат на мумкин аст, талаб зи ихтиёр нест, Ночор ташна мекунад андар сароб рух. Рафт оби рӯй аз ману ишқат зи сар нарафт, Аз ҷӯйи дида мекунам гарчи пуроб рух. Дастам надод диданат, эй ҷилвазор, гар Боре, намо ба дидаи зорам ба хоб рух. Ҳоҷӣ, чу шабнамам, ки висол аст офатам, Рафтам зи худ ба ҷилваи он офтобрух.