Кай панҷаат зи бастани ранги ҳиност сурх,
Кай панҷаат зи бастани ранги ҳиност сурх,
Аз хуни теғи бисмили аҳли вафост сурх.
Дар маҳфиле, ки чеҳраи гулнор барфурӯхт,
Андар пиёла духтари раз аз ҳаёст сурх.
Ҳар ҷо асар зи қатраи хуни шаҳиди туст,
Шабнам ба тори мижаи мардумгиёст сурх.
Кошонаам зи мақдами он навбаҳори ноз
Чун барги лола зулмати он тираҷост сурх.
Бе меҳнате натиҷаи файзи азал куҷост,
Рухсори гул зи хӯрдани барди шитост сурх.
Рухсори гармфитрати аҳли карам мудом
Аз инфиоли зиллати шахси гадост сурх.
Андар ҳарими васли ту, Ҳоҷӣ, зи инфиол
Бо доғи дил чу лолаи хунинқабост сурх.