Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Дай шуд ниҳону мавсими фасли баҳор шуд,

Дай шуд ниҳону мавсими фасли баҳор шуд, Омад замони бахшишу раҳматнисор шуд. Андар мизоҷи номия рӯҳи қавӣ дамид, З-оғӯши хок тавсани ҳастӣ савор шуд. Аз ҷӯши сабза кӯҳ чу пирони сабзпӯш Саҳро чу дашти Карбало пурхунканор шуд. Шуд теғи кӯҳ симгун аз теғи баҳманон, Пайкони ғунча ханҷари Исфандиёр шуд. Булбул ба нола ғунчаро медод ин паём: Бикшо бағал, ки фурсати бӯсу канор шуд. Наргис кушода дидаву бишкуфта шанбалид, Пурхун чароғи лолаву дил доғдор шуд. Бикшода қумриён чу пар бар шохсори сарв, Ку-кукунон чу ошиқи дилбеқарор шуд. Савсан забон кашидаву хандида уқҳувон, Нилӣ бунафша, нилуфар ҳар сӯ қатор шуд. Мангар куҷост, дидаи ибрат кирост боз, То бингарад, ки соати ҳашр ошкор шуд. Ҳоҷӣ, баҳор бингару фасли хазон бубин, К-инҳо далели равшани маргу шумор шуд.