Чун кафи пои туро аз сафҳаи гул бастаанд,
Чун кафи пои туро аз сафҳаи гул бастаанд,
Гирдбоди анҷуман аз чашми булбул бастаанд.
То нагардад аз нигоҳат хайли муштоқон ҳалок,
Шеваи чашми сиёҳат аз тағофул бастаанд.
Даст зад машшота андар турраи шабранги ту,
Панҷаи ӯро магар аз набзи сунбул бастаанд.
Пеши чашми ҷодуят кай лофи устодӣ зананд,
Он муаллимҳо, ки дар зиндони Бобул бастаанд.
Эй мунаҷҷим, пеши мо аз некии толеъ магӯ,
Бахти моро дар саводистони кокул бастаанд.
Метаровад шӯри булбул аз сарири хомаам,
Торҳои мистари мо аз раги гул бастаанд.
Бо ҳама бори маломат пайкари мо хам нашуд,
Чун замин андозаи мо аз таҳаммул бастаанд.
Саъйи мо ҳам норасоӣ нест аз бетӯшагӣ,
Маҳмили мо, Ҳоҷӣ, аз зоди таваккул бастаанд.